Фурудгоҳи «Хуҷанд» дар имсол ба 597,1 ҳазор мусофир хизмат расонидааст
Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд аз ҷониби 12 ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 2 ширкати миллӣ ва 10 интиқолдиҳандагони хориҷӣ хатсайрҳо иҷро карда мешавад.
Дар соли сипаришуда аз ҳаҷми умумии ҳамлу нақли мусофирон тариқи фурудгоҳи байналмиллалии “Хуҷанд” 50,4%-и мусофирони хизматрасонидашуда ба дӯши ширкатҳои ҳавопймоии ватанӣ рост омадааст.Бояд гуфт, ки дар соли 2011 теъдоди мусофирони хизматрасонидашуда 591,7 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 105 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.
Ҳамчунин, бо мақсади азнавсозӣ ва ҷиҳозонидани техникии обектҳои фурудгоҳ зиёда аз 6 миллиону 824,5 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Аз ҷумла, барои сохтани аэровокзали марказӣ ва омода намудани он барои ташкили самтҳои байналмилалӣ, таъмири асосии бинои аэровокзал ва мумфаршкунии аэродром.