Маркази гармидиҳии Душанбе ҳамагӣ бо 15 фоизи иқтидор кор мекунад
Умаралӣ Ниёзова, сардори Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ин сохтор наметавонад пойтахтро пурра бо гармӣ таъмин намояд, зеро ҳамагӣ бо 15 фоизи иқтидораш кор карда истодааст.
Ниёзов сабаби пурра истифода нашудани иқтидори Марказро ба камбуди сӯзишворӣ рабт дод. Вай мегӯяд: «Дегхонаҳои ғарбию шарқӣ айни ҳол омодаи коранд, вале сӯзишворӣ намерасад. Сӯзишвории асосӣ, ин гази табиӣ аст, ки аз Ӯзбакистон вақтҳои охир бо маҳдудият ворид мешавад. Имкониятҳои мавҷуда танҳо барои таъмини қисмани ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе басанда асту халос. Ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ комилан аз гармӣ маҳруманд».
Ин дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ дар фасли сармои ҷорӣ буҷети давлатро аз 27,7 миллион сомонӣ маҳрум намуд. Парлумон имкон дод, ки ширкати «Барқи тоҷик» зимни воридоти 30 ҳазор тонна мазут, барои фаъолияти Марказ аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои аксизӣ озод гардад.
Ёдрас менамоем, Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо иқтидори 198 мегаватт соли 1968 ба истифода дода шуда, асосан бо гази табиӣ ва мазут фаъолият мекунад.