Арабистони Саудӣ: Шайх барои «дуздӣ» 80.000 $ ҷарима месупорад
Кишвари Арабистони Саудӣ ахиран шоҳиди як сирқати адаби (плагиат)-и бадфарҷому пурҷанҷоле шуд.
Як тарафи ин моҷаро хонуми нависандае ба номи Салво ал-Узайдон ва тарафи дигари он рӯҳонӣ Оиз ал-Қарнӣ, шахси муътабар ва шинохтаи саудӣ мебошад.
Салво ал-Узайдон мегӯяд: Дуктур Оиз ал-Қарнӣ саъй кард, дар бархӯрди аввалинам бо ин сирқати адабӣ даҳ ҳазор риёли саудӣ ба ман бидиҳад ва сокитам кунад. Аз ҳамин сабаб тасмим гирифтам, тамоси мустақим бо ӯро раҳо карда, аз роҳи қонуну додгоҳ ҳаққамро аз ӯ бигирам. Ин бонуи саудӣ тавзеҳ медиҳад: «Китобам бо номи «Навмед машав!» мароҳили интишорро дар соли 2007 мегузаронд, ки нусхаҳое аз онро ба дуктур Оиз ал-Қарнӣ ва чанд нафари дигар ҳадя додам, ӯ ҳам номаи ташаккуру қадрдонӣ фиристод ва ман бахше аз номаашро дар дар таъйиди китоб дар канори назари дигарон дар пушти ҷилди китобам овардам».
Ба гуфтаи ин хонум, сирқати адабӣ бо ҷо ба ҷо кардани баъзе матолиб ва ҳатто овардани муқаддимаи китоб дар бахши яке аз фаслҳои китоб анҷом шудааст. Баъд аз ҳайрату шигифтзадагӣ бону ал-Узайдон эътирозашро тавассути ҳамсараш ба Шайх ал-Қарнӣ расондааст. Аммо пас аз он, ки ал-Қарнӣ барои ин кор ба хонаводаи ал-Узайдон 10 ҳазор риёл пешниҳод кард, бонуи нависанда ӯро ба додгоҳ кашид.
Ҳукми додгоҳ ба нафъи бонуи нависанда ал-Узайдон содир шуда, Шайх ал—Қарнӣ ба пардохти 300 000 риёл (80 ҳазор доллар) маҳкум шуд.