«Почтаи тоҷик» имконияти рушду пешрафт дорад
Дар Тоҷикистон сарфи назар аз рушди интернет ва алоқаи мобилӣ истифода аз почта майли афзоиш дорад.
Рафиқҷон Шокиров, мувоини аввали райиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ин назар аст, ки ҳаҷми муросилоти почта дар соли 2011, 705 ҳазору 600 килограммро ташкил додаст, ки дар муқоиса бо соли 2010-ум ба миқдори 106,5 ҳазор килограмм зиёд мебошад. Аз ҷумла, воридоти муросилоти почтаи байналхалқӣ 144,6 ҳазор килограм буда, нисбати соли 2010 –ум 26,9 килограмм зиёд гардидаст. Ҳаҷми умумии содироти муросилоти почтаи байналхалқӣ 39,2 ҳазор килограммро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2010, 1,5 ҳазор килограмм зиёд мебошад. Муросилоти почтаи дохилӣ дар соли 2011-ум 509,2 ҳазор килограммро ташкил намудаст, ки аз он бо нақлиёти заминӣ 482,2 ҳазор килограмм ва бо воситаи ҳавопаймо 27 ҳазор килограмм кашонда шудааст.
Манбаъ афзуд, обунашавӣ ба рӯзномаҳо дар ин давра 244,5 ҳазор нусхаро ташкил менамояд, ки мутаносибан нисбати соли 2010 17 ҳазор зиёд мебошад.
Дастраснамоии матбуоти даврӣ дар соли 2011 12,4 миллион ададро ташкил додаст. Масъулини «Почтаи тоҷик» баъзе камбудиҳоро, ки дар самти дастрас намудани почта рух медиҳанд, ба камбуди техника, вазъи боду ҳаво ва худи ирсолкунандагон рабт медиҳанд, зимни роҳӣ кардан суроғаро аниқ ва рӯшан наменависанд.