Ш.Раҳматбоев: Ба гузашта салавот
«Соҳибкорони мо худро ҳимоя карда наметавонанд, вақте як мушкил пеш омад, зуд ба вазир, ё президент менависанд».
Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини райиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мегӯяд, тоҷирон дар ин ҳолат бояд ба додгоҳ даъво баранд, на ба ҳукумату масъулини дигар: «Мо дубора моликиятро кашида гирифта наметавонем, ба гузашта саловот».
Ба қавли Шӯҳратҷон Раҳматбоев, то 1-уми январи соли равон бастаи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи ҳукумати Тоҷикистон аз 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ иборат буда, маблағи умумии онҳо 1,86 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад: «Лоиҳаҳои амалишаванда аз 20 манбаъ маблағгузорӣ шуда, 12 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар мегиранд. Дар таркиби ин лоиҳаҳо мабалағҳои қарзӣ 57,34%, маблағҳои грантӣ 32,68%, саҳми ҳукумати Тоҷикистон 7,85% ва беш аз 2% дигарро ҳиссаи ширкатҳои давлатӣ ва ҷамоаҳо ташкил медиҳанд».
Номбурда иброз дошт, ки давоми 9 моҳи соли гузашта, аз рӯи маълумотҳои агентии омор, воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ 187,1 миллион доллари ИМА мебошад, ки аз ин миқдор 85 миллионаш сармоягузории мустақим ва боқимондаашро дигар намуди сармоягузориҳо ташкил медиҳанд.