Дар шароити нави муносиботи ҷаҳони ин таниш ва мухолифатҳо характери сиёсӣ ва систематикиро аз ҷониби пешвоҳои сиёсӣ касб кардаанд. Як чиз мушаххас аст, ки носозгории исломро бо низомҳо ва сиёсатҳои муосир пешвоёни сиёсӣ ва роҳбарони як қисм кишварҳо аз роҳи мутафаккирон ва донишмандонашон ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мекунанд.
Аммо дар ин миён қурбонии ин танишҳо ва мухолифатҳо мардуми сайёра мешаванд ва рӯз то рӯз пароканиши нуқтаназарҳои хатарзо ва азҳамзудоянда мардуми сайра: мусалмонро аз номусалмон ҷудо мекунанд. Дар ин авохир дар заминаи мухолифати ҷомеаи ғарбӣ бо ҷомеаи исломӣ ва печида будани ҳадафҳои сиёсии Ғарб ба ҳадафҳои тамаддунияш мухолифатҳо ва танишҳоро зиёдтар гардонидааст. Ҳамин аст, ки имрӯз терроризм, хушунат, худкомагӣ ва дигар аъмоли номақбулу ғайриинсонӣ дар асри навин ба номи ислом "мехкӯбӣ" мешавад.
Ҳафтанома тасмим гирифт, ки дар ин баҳси тамаддун? як мусоҳибаи Шоҳзода Карим оқохони IV-ро аз шумораи 10 декабри соли 2006-и нашрияи "SPIEGEL", ки бар пайи як изҳороти пешвои масеҳиёни дунё Папа Бенидикти XVI сурат гирифтааст, бознашр намояд.
Карим Оқохони IV, пешвои 20 миллион мусалмонони исмоилии ҷаҳон дар як сӯҳбати худ бо маҷаллаи "Шпигел"-и олмонӣ (10 декабри соли 2006) асосҳои дини исломро ба баррасӣ гирифта, баҳсеро атрофи изҳороти ахирини Папа дар мавриди ислом ва усулҳои ҷилавгирӣ аз як даргирии ҷаҳонӣ байини динҳо ва мазоҳиб ба миён гузошта буд…
Идомаи матлабро аз ин ҷо дарёфт намоед: https://ozodagon.tj/sr/item/16144