Ёдрас менамоем, интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Сино ба курсии вакили парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми май сурат гирифта, сабқат миёни 4 номзад, Амирқул Азимов аз ҲХДТ, Толибшоҳи Сайидзода ва Сафарбек Манонов худпешбарию Музаффар Мирзоев аз Ҳизби аграрӣ баргузор шуд. Вакили собиқ аз ин ҳавза, Шермуҳаммади Шоҳиён феълан ба симмати раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ифои вазифа дорад.Тибқи иттилои расмии Комиссияи марказии интихобот генерал Азимов бо гирифтани беш аз 62 дарсади овозҳо курсии вакилии парлумонро соҳиб шуд. Аммо ситоди Толибшоҳ Сайидзода иддао дорад, ки интихобот баргузорнашуда аст ва санадҳои марбутаро дар ин бора ба КМИР пешниҳод сохтааст.