Шукурҷон Зуҳуров ба Муғулистон меравад. Бо даъвати Улан-Батор
Имрўз, 26 январ, райиси Маҷлиси намоянлагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулодда ва мухтори Муғулистон дар Тоҷикистон ҷаноби Аюрзан Хараавчро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Муғулистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла густариш ёфтани равобити байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки соли ҷорӣ аз барқарории муносиботи дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои мо 20 сол сипарӣ мешавад ва мо бояд ин рўйдоди таърихиро ба таври сазовор истиқбол намоем. Ҳарду ҷониб бояд ба раванди равобити тарафайн такони тоза бахшида, барои тақвияти ин ҳамкориҳо талош намоянд.
-Бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони парлумони ҶТ боз ҳам бойтар гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгўи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров. Ба муносиботи байнипарлумонии ду кишвар ишора карда, райиси МН афзуд, барои Тоҷикистон ва Муғулистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад. Аз ин рў, парлумонҳои ҳарду кишварро лозим аст, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди чунин ҳамкориҳо иқдом намоянд.
Манбаъ афзуд, дар мулоқот қайд гардид, ки Тоҷикистон имконият дорад бо Муғулистон дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, чорводорӣ, канданиҳои фоиданок, коркарди пашм, меваю сабзавоти тару тоза ва чармгарӣ ҳамкории зич дошта бошад. Зуҳуров бо ишора ба сатҳи начандон назарраси ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Муғулистон таъкид дошт, ки байни ҳар ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, мутаассифона, ин қарордодҳои ҳамкорӣ то кунун мавриди иҷро қарор нагирифтаанд. Тайид гардид, ки кишвари Муғулистон дар истеҳсоли ангишт, гўшт ва дигар маҳсулоти саноатӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва истифодаи чунин таҷрибаи пешқадам барои ҳарду кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Сафири Муғулистон низ сатҳи равобити ду кишварро дар ҳоли рў ба рушд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ба ҳайси дипломат тамоми имконоти мавҷуди ҳамкорӣ миёни ду кишварро мавриди истифода қарор қарор хоҳад дод.Аюрзан Хараавч роҷеъ ба ҳамкориҳои байнипарлумонии миёни Тоҷикистону Муғулистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар парлумони кишвараш гурўҳи дўстӣ бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ташкил шудааст. Вай хостор шуд, ки парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҳисоби вакилони худ гурўҳи дўстии байни Маҷлиси намояндагон ва парлумони Муғулистонро таъсис диҳад.
Ҳамчунин, дипломати хориҷӣ таъкид кард, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Муғулистон Форуми иқтисодӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои муосири ин кишвар баргузор мегардад. Дар ин росто аз райиси Маҷлиси намояндагон даъват шуд, ки дар рўзҳои баргузории ин чорабиниҳо ширкат намояд.