«Худсарӣ»-и мусофиркаши рақами 13. Роҳкиро 2 сомонӣ
Аз субҳи имрӯз, 26 январ бархе аз мусофиркашҳои хурди хатсайри №13 аз мусофирон барои хизматрасонӣ ду сомонӣ талаб карданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори райиси шаҳри Душанбе он як сомонӣ муқаррар шудааст.
Мардуми зиёде аз субҳ дар сардӣ ва зери барфреза интизори мусофиркашҳои хурд ба истилоҳ «Старекс»-ҳо меистоданд. Аммо чун ҳар рӯзи дигар ёфтани мусофиркашҳое, ки ҷои нишаст дошта бошад мушкил буд.
Хабарнигори «Озодагон», ки инро бо чашмони худ мушоҳида кардааст, мегӯяд: «Шояд аз ин фурсат истифода карда, бархе ронандаҳо аз мусофирон ду сомонӣ талаб мекарданд. Дар ҷавоб ба саволи мусофирон, ки барои чӣ ду сомонӣ мегиред, мегуфтанд, ки ҳукумат ҳамин хел нархро муайян кардааст.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуотии райиси шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки алъон як чунин амр ва қарор дар бораи боло бурдани тарифи хизматрасонӣ дар нақлиёти шаҳрӣ ва мусофиркашҳо ба имзо нарасидааст ва ин амали ронандаҳо худсарона ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, нархномаҳое, ки қаблан муқаррар шуда буданд, бетағйир мондаанд. Тибқи ин қарор фосилаи ҳатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медод, ба ду қисм ҷудо шуданд ва қимати роҳкиро барои ҳар қисмат 80 дирам муайян шуд. Барои хатсайрҳое, ки аз нуқтаи аввал то нуқтаи охир 16 км тай мекунанд роҳкиро як сомонӣ буд, ки хатсайри №13 низ аз ҳамин шумул аст.