Як ҳайати вижа аз Комиссияи Аврупо таҳти роҳбарии мудири бахши кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми мудирияти ниҳоди рушд ва ҳамкорӣ Дирк Меганк бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.
Бо мақсади муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши имконоти маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси барномаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобила ва инчунин мушаххасгардонии самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳо дар Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2014 – 2020, мулоқоту музокироти ҳайат бо муовини аввали нахуствазир Матлубхон Давлатов, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёров, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, Вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат, инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ барпо гардиданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, зимни сафар ҳайат инчунин азм дорад, то бо муовини аввали сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-майор Шараф Файзуллоев ва роҳбарони як қатор намояндагиҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявии муқими Тоҷикистон мулоқот анҷом диҳад.