Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар интернет навори даҳшатовари латукӯби ҳамватани мо паҳн гардида буд. Ин навор сару садо ва эътирозҳои зиёди на фақат тоҷикон, балки тамоми мардуми дунёро ба бор оварда буд.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, корпуси дипломатии мо барои санҷиши далелҳои тазйиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ҳимоят аз ҳақи онҳо ва талоши беҳбуди ҳаёти онҳо талоши пайваста дорад: «Бо ташаббуси сафорат вохӯрии онҳо бо намояндагони ниҳоди тафтишотии пулиси Маскав доир гашта, рафти тафтиши далели мазкур, мушкилот дар кори тафтишот дар ин ҳодиса ва дигар ҳолатҳои вобаста ба нақзи ҳақи шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Муфаттиши парвандаи мазкур Юшенко Павел Владимирович оид ба амалоти пулис барои кушодани ҷинояти мазкур муфассал сухан карда, аз ҷумла гуфт, ин масъала таҳти назорати ҷиддии Вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад. Аммо маълум набудани шахсияти ҷабрдида ба ҷараёни тафтишот мушкил эҷод кардааст».
Дар ҳамин ҳол ҷониби Русия тақозо кардааст, ки ҳуввияти шахси ҷабрдида муайян карда шавад, то мақомот барои анҷоми муваффақонаи парвандаи ҷиноӣ ва муҷозоти ҷинояткорон муваффақ шавад.