Расулзода: Наврӯз дар Суғд бошукӯҳ таҷлил мегардад
Бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, тарғиби расму оинҳо ва ҷашну маросимҳои мардумӣ, бо назардошти мақом ва нақши ҷашни Наврӯз дар таърихи халқи тоҷик қарори марбутаи райиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Тибқи қарори мазкур, санаҳои 21-24-и марти соли 2012 Иди Бийналмиллаии Наврӯз дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил хоҳад гашт. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати тарғиби анъанаҳои наврӯзии ниёгон, оғози киштукори баҳорӣ, ҳидоят ба меҳру муҳаббат, ваҳдат, сулҳу ризоияти миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, барои ташкили силсилаи чорабиниҳо муваззаф гардиданд.
Ҳамчунин телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятӣ ва маҷаллаҳои «Ноҳид» ва «Паёми суғд» оид ба таҷлили Иди Наврӯз барномаҳо таҳия намуда, мақолаву очеркҳо нашр менамоянд.