Гурӯҳи адвокатҳои тоҷик барои ироаи кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирон омодаанд
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар Русия гурӯҳи махсуси адвокатҳоро барои расонидани кӯмаки ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ созмон диҳад.
Масъалаи кушодани дафтари махсуси адвокатҳо имрӯз зимни як мулоқоти Сафиаллоҳ Девонаев, роҳбари хадамоти мазкур бо Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе таҳти сарварии Фахриддин Зокиров баррасӣ гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, мақсад аз таъсис додани гурӯҳи адвокатҳо, ки иборат аз 5 нафар аст, ба таври расмӣ расонидани кӯмакҳои баландихисоси ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик мебошад: «Гурӯҳи адвокатҳо фаъолияти худро рӯзҳои наздик дар назди Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия пас аз анҷоми расмиёти хуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирӣ, тибқи қонунгузории Федератсияи Русия оғоз хоҳанд намуд».
Ҳамзамон, Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе ба нақша гирифтаанд, ки дар оянда дафтарҳои худро барои расондани кӯмаки ҳуқуқӣ дар тамоми субъекту ҳавзаҳои федералии Русия таъсис диҳанд.