50 шаҳрванди хориҷӣ дар ҶТ дастгир шуданд. Бо ҷурми қочоқи нашъа
Тайи соли 2011дар ҷумҳурӣ 50 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қочоқи нашъа аз ҷониби кормандони АНМН боздошт шудаанд.
Дар ин бора Рустам Назаров, директори Агентии назорат аз болои маводи нашъадор иброз дошт.рон иброз дошт. Генерал Назаров афзуд, аз ҷумла 32 нафар шаҳвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 7 табааи Қирғизистон, 6 кас аз Федератсияи Русия, 4 нафар ӯзбакистонӣ ва 1 шаҳрванди Хитой миёни ин афроди боздоштшуда ҳастанд.
Гуфта мешавад, аз онҳо 41 нафарашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, бо ҳукми суд аз онҳо 24.550 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.