Кумитаи сармоягузорӣ: Маҷбурем хатоҳои 15-20 сол пешро тоқат кунем
Масъулини Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар мавриди хусусигардонӣ дар Тоҷикистон изҳор медоранд, ки маҷбуранд шартномаҳои 15-20 сол пеш бастагиро бо вуҷуди камбудиҳояшон иҷро намоянд.
Шӯҳратҷон Раҳматбоев, муовини аввали райиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, 15 – 20 сол пеш дар кишвар шароите буд, ки амволро дар ягон шакл нигоҳ доштан зарур буд. Ба гуфтаи ӯ имкони давлат ва мақомоти дар соҳа фаъолият дошта намерасид, ки амволро нигоҳбонӣ кунад: «Ин ҳолат дар бисёр соҳаҳо ҷой дошт. Амвол ё талаю тороҷ мешуданд, ё ба дасти ягон соҳиб доданашон даркор буд, ки дар ягон намуд, онҳоро нигоҳ дорад. Акнун, мо маҷбурем шартномаҳои 15 – 20 сол пешро иҷро кунем. Наметавонем, гӯем, ки мебахшед, мо хато кардем, онро хато фурӯхтем, онро баргардонед. Шояд ҳамин тариқ мо 1000 – 100 ҳазорро мебурем, лекин садҳои миллион миллиардҳо сармояи ба Тоҷикистон меомадаро роҳаша мегирем» .
Раҳматбоев, таъкид мекунад, ки сармоягузорони хориҷӣ ба риоя шудани ҳуқуқи моликият аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва эҳтиёткориро дар муносиботи амволӣ зарур арзёбӣ кард. Масъулини Кумита изҳор медоранд, ки дар соли 2011 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷет 37 миллион сомонӣ ворид шудааст. Аз аввали соли 2004 то айни замон ғолибони тендерҳои сармоягузорӣ ба иқ тидорҳои истеҳсолии корхонаҳои хусусишуда ба маблағи 78,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ ва 3415 адад ҷойҳои нави корӣ ташкил намудаанд.