Мулоқоти дипломати тоҷик бо директори кулли СБМ
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Салоҳиддин Насриддинов бо муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Андрей Василев мулоқот дошт.
Зимни сӯҳбат масъалаҳои рафти омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифтанд. Худи ҳамон рӯз Намояндаи доимии Тоҷикистон С. Насриддинов ҳамчунин бо Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Леси Свинг вохӯрӣ доир намуд.
Тибқи иттилои ВКХ-и Тоҷикистон, сафири тоҷик ба намояндаи воломақоми СБМ даъватномаи расмии Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҷиҳати иштирок дар конфронси RECCA-V супорид.