Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз литсейи «ҲотамПВ» иттилоъ доданд, озмун аз рӯи фанҳои риёзӣ, физика ва иттилоот баргузор шуд.
Гуфтанист, дар олимпиада 54 дастаи мактабҳои махсуси 18 кишвар, аз ҷумла Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин озмун панҷ тим: ду даста аз литсеи тоҷикӣ-туркӣ, як даста аз литсеи «Ҳотам ПВ», тими мунтахаби Тоҷикистон ва мунтахаби шаҳри Душанбе намояндагӣ доштанд. Аз рӯи натиҷаи олимпиада 7 дастаи беҳтарин муайян гардид. Дастаи Маркази махсуси таълимию илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави Русия соҳиби мукофоти асосӣ гардид. Тими хонандагони шаҳри Алмаатои Қазоқистон сазовори ҷойи аввал шуд. Хонандагони тоҷик ҳам дар мақоми фаҳрӣ нишастанд. Муҳасилини литсеи тоҷикӣ-туркӣ ҷои дуюмро соҳиб шуданд.
Манбаъ афзуд, Муҳаммадфирӯз Ҳасанов хонандаи литсеи тоҷикӣ-туркӣ ба номи Ҳоҷӣ Камол аз фанни математика нишони тилло гирифт. Дар маҷмӯъ, муҳасилини ин литсей соҳиби нӯҳ медал шуданд: як тилло, ду нуқра ва шаш биринҷӣ. Дастаи «Ҳотам ПВ» бошад, чор медали олимпиадаро ба худ ихтисос дод: ду нуқра ва ду биринҷӣ. Ин тимро ҳамчунин бо ифтихорнома барои ширкати фаъол қадр карданд.