Қонуншиканон ба маблағи беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд
Дар вилояти Суғд 2 ҳазору 763 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор шудааст.
Тавре ба рӯзноманигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ райиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд Орифҷон Хоҷаев иттилоъ дод, дар давоми соли 2011 аз тарафи нозирони ин ниҳод дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 2 ҳазору 763 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 6 ҳазору 963 га муайн карда шуда, ба ҳамаи онҳо оиди бартарафкунии қонуншиканиҳо дастур дода шуд.
-Нисбати 1 ҳазору 833 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 2 ҳазору 942 га санад ва қарорҳо тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 637 ҳазору 185 сомонӣ ҷарима баста шуд,-афзуд Хоҷаев.