Зимни сӯҳбат масоили ҷараёни омодагӣ ба баргузории Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯи меҳварии муҳокимаронии ҷонибҳо маҳсуб меёфт. Намояндагони салоҳиятдори ҳарду кишвар аз номи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Афғонистон Залмай Расул ба Дабири кулли САҲА ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии муҳими минтақавӣ даъватномаи расмӣ супориданд.
Дар навбати худ, Дабири кулли САҲА Занниер аз даъвати муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон барои ширкат дар конфронс изҳори миннатдорӣ намуда, бо дарназардошти аҳамияти чорабинии мазкур баҳри истиқрор ва рушди минбаъдаи иқтисодии Афғонистон иштироки шахсии худро дар ин ҳамоиш таъйид сохт. Ӯ гуфт, ки САҲА дар оянда низ барои тавсеаи ҳамкории судманд миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон мусоидат хоҳад кард.