Тибқи амру фармонҳои президенти Тоҷикистон имрӯз дар ҳайати роҳбарикунандаи бархе аз вазорот ва сохторҳои ҳукумати кишвар тағйироти кадрӣ ба амал омад.
Зимнан, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Шариф Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ширинов Абдуҷаббор бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар ИМА, Ҳақназаров Тӯрақул Имомович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, бо фармонҳои марбутаи президент Ҳамралиев Фаррух Маҳмудович ба вазифаи мушовири давлатӣ оид ба сиёсати иқтисодӣ, Шариф Раҳимзода ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Ширинов Абдуҷаббор ба вазифаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.