«Ашки қалам»- армуғони тозаи шоири муҳоҷир Абдулқодири Алавӣ
Ахиран дар Душанбе маҷмӯъаи нави ашъори адиби муҳоҷир- Абдулқодири Алавӣ (Алиев) таҳти унвони «Ашки қалам» чоп шуд, ки рӯзҳои наздик ба дасти ҳаводоронаш мерасад.Китоб маҳсули эҷодиёти Алавиро, ки дар Маскав рӯйи саҳфа омадааст, дар бар мегирад.
Ёди ёру диёр, тараннуми Меҳан, васфи зебоиҳои кишвари афсонавӣ, мушкилоти доғ, вазъи иҷтимоӣ, ҳиҷрати ғамбор мавзӯъи асосии шеърҳои шоирро ташкил медиҳад. Сарсухани «Ашки қалам»-ро Аҳрори Турсон навишта, абёти Абдулқодири Алавиро файласуфи тоҷик- Комил Бекзода қалам задааст. Муҳарририи ин китоб ба дӯши журналист Раҳматкарими Давлат вогузор шуда, он дар нашриёти «Шуҷоиён» интишор шудааст.
Абдулқодири Алавӣ (Алиев) дар рустои Жамаки водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, хатмкардаи факултаи филологияи УДТ ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) аст. Чанд вақт дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор карда, солҳои 1983 - 1986 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон адои вазифа намудааст. Солҳои 1987 - 1988 дар Доиратулмаъорифи тоҷик (Энсиклопедияи советии тоҷик, ва баъдан дар шӯъбаи таҳия, тарҷума ва нашри қонунҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ба унвони сармутахассис то соли 1992 кор кардааст. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо ҳазорон фирориён Абдулқодири Алавӣ ба кишвари Русия, ба шаҳри Маскав кӯч баст ва вориди аспирантураи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми ин кишвар шуд ва дар соли 2000 рисолаи номзади илмро зери роҳбарии донишманди маъруфи соҳаи ироншиносӣ , доктори илми забоншиносӣ, профессор Ҷой Ийосифовна Эделман дифоъ кард. Баъдан муддате дар Ҷумҳурии Исломии Ирон кор кардааст. Феълан дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад ва ба кори илмӣ машғул аст.
Абдулқодири Алавӣ муаллифи чандин мақолаҳо ва китобҳои пурарзиш ба унвони "Ибораҳои пуристиори забони язгуломӣ" (Маскав, соли 1997) ва "Ибораҳои рехтаи забони язгуломӣ" (Маскав, соли 2001) мебошад. Инчунин маҷмӯаҳои ашъор бо номи "Насими Язгулом" (Маскав, 2002), "Ойини меҳр" (2009) ва ғайраро низ ба табъ расонидааст.
Алавӣ дӯстдори шеъри классикист ва дар пайравии Абулқосими Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав шеърҳо эҷод кардааст.