Эрон ва Русия аз доллари амрикоӣ истифода намекунанд. Аснои тиҷорат
Русия ва Эрон аз истифодаи доллари Амирико дар мавриди амалоти тиҷорати мутақобила даст кашиданд.
Аз ин ба баъд дар тиҷоратии миёни Русия ва Эрон “рубл” ва “риёл”-и эронӣ истифода хоҳад шуд. Сафири Эрон дар Русия Маҳмуд Ризо Саҷҷод, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард гуфт, айни замон доллари амрикоӣ қурби пешинаи худро аз даст дода истодааст: “Эрон ва Русия барои барҳам задани истифодаи доллар дар муносиботи тиҷории мутақобила ба мувофиқаи ниҳоӣ расиданд”.
Ҳамчунин Маҳмуд Ризо Саҷҷод гуфт, ҳамкориҳои миёни Русияву Эрон дар замони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод ба маротиб афзудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 январ сӯҳбати телефонии Аҳмадинажод ва Медведев доир гашт, ки мавзӯи меҳварии сӯҳбат гирифтани тасмими ниҳоӣ дар ин маврид буд.