Ин рақам соли 2010 ба 269 мерасид. Ба қавли номбурда хисороти молии ин ҷиноятҳо ба 16 миллиону 267 ҳазору 299 сомонӣ баробар буда, беш аз 11 миллиони он барқарор шудааст. «Парвандаҳои ҷиноӣ вобаста ба ин ҷиноятҳо асосан бо моддаҳои азхудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, суиистифода аз ваколатҳои хизматӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, гириифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва соҳибкории ғайриконунии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардидааст»,- афзуд Ҳусейн Ақилов.