Соҳибкори беҳтарини Душанбе. Озмуни навбатии шаҳрдорӣ
Дар пойтахт озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» эълон гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, тибқи қарори райиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе», ҳамасола ба таври доимӣ ин чорабинӣ сурат мепазирад.
Манбаъ афзуд, озмуни мазкур аз рўи 18 номинатсия дар ду давр – даври аввал то 1 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 1 апрели соли 2012 баргузор мегардад. Ғолибон бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Пешсафи соҳибкорони шаҳри Душанбе» бо нишони рамзӣ, кубок ва «Ифтихорнома»-и шаҳри Душанбе сарфароз мегарданд. Гуфтанист, беҳтаринҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ дар расми таҷлили «Рўзи пойтахт» аз ҷониби райиси шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд.