Толибилмони литсейи тоҷикӣ-туркии Душанбе дар озмуни байналмилалӣ мақоми дуввумро соҳиб гаштанд
Дар чорчӯби лоиҳаи Маркази илмию амалии «Дарин» ва мактаб – интернати махсуси лаёқатмандони шаҳри Алмаатои Қазоқистон Олимпиадаи УШ-уми анъанавии байналмилалии хонандагон сурат пазируфт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ситоди душанбегии ин чорабинӣ иттилоъ доданд, озмун аз рӯи фанҳои риёзӣ, физика ва иттилоот баргузор гардид.
Гуфтанист, дар олимпиада 54 дастаи мактабҳои махсуси 18 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Украина, Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон иштирок доштанд.Аз рӯи натиҷаи олимпиада 7 дастаи беҳтарин муайян гардида, ғолибон соҳиби мукофотҳои вижа гаштанд. Зимнан, дастаи Маркази махсуси таълимию илмии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскави Русия соҳиби мукофоти асосӣ гардид. Тими хонандагони шаҳри Алмаатои Қазоқистон сазовори ҷойи аввал ва дастаи мактаби риёзии шаҳри Софияи Булғористону литсейи тоҷикию туркии шаҳри Душанбе мақоми ифтихории дуввумро бо ҳам диданд.