«Тоҷик Эйр» ҳудуди 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни санҷиши асоснокии тарифҳо дар ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр», ин ширкатро ба маблағи 5 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима бастааст.
Ҳамдам Тағоймуродов, далели ҷаримабандӣ шудани «Тоҷик Эйр» - ро ба хабарнигори «Озодагон» дар он гуфт, ки масъулини ширкат саривақт барои муайян кардани вазъи иқтисодию тиҷоратии он маълумоти заруриро пешниҳод накардаанд.
Дар маҷмӯъ, намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд дар бозори хизматрасонии ҳавопаймоҳо дар кишвар саҳми ширкатҳои хориҷӣ бештар аст. Аз ҷумла ҳиссаи се ширкати тоҷикистонӣ, - «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр» ва «Ист Эйр» дар бозори интиқоли байналмилалии мусофирон тариқи ҳавопаймо 48,9 фоизро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулини Хадамот 51,1 фоизи интиқоли байналмилалии мусофиронро тавассути ҳавопаймо дар Тоҷикистон ширкатҳои хориҷӣ амалӣ мекунанд, ки шумораашон ба 22 адад расидааст ва 10 ширкати русиягӣ, 4 ширкат аз ИДМ ва 8 ширкат аз хориҷи дурро дар бар мегиранд.