Садамаи як киштӣ дар Халиҷи Форс
Дар Халиҷи форс бар асари ба садама дучор шудан киштие ба қаъри баҳр нишаст.
Ин киштӣ дар худ ҷамъан 22 нафар мусофир ва сарнишинон доштааст. Киштӣ аз ҷазираи Ҳурмуз ба Бандар-Аббос раҳсипор будааст. Бино ба маълумоти хабаргузориҳо то ин замон наҷотдиҳандагон 7 нафарро наҷот додаанд ва то ҳанӯз тақдири 15 нафари дигар номаълум боқӣ мемонад. Баъзе хабаргузориҳо аз ғарқшавии 9 нафар хабар додаанд.
Мақомот то ҳанӯз сабабҳои садама ва теъдоди аниқи наҷотёфтагон ва ғарқшудагонро эълон надоштаанд.
Феълан, тасмимоти наҷотдиҳӣ дар ҷойи ҳодиса идома дорад.