Тавре Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар Шўро лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷўии энергия ва самарабахшии энергия»,» Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дар бораи лоиҳаи қоидаҳои Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломати интихоб намудани Хонов Абдураҳмон, оид ба ҷамъбасти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 мавриди баррасии аъзои Шуро қарор гирифт.
Зимни баромади хеш аъзои Шўро иброз намуданд, ки ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи энергетика бо назардошти сарфакорона ва самарабахшона истифода бурдани энергия, манфиатхои миллӣ ва тақвият додан ва барои тезтар расидан ба истиқлолияти энергетики, лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия ва самарабахшии энергия»-ро дар асоси ду лоихаи пештар пешниходшуда таҳия ва омода намуданд.