Даргузашти модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Тоҷикобод
Модари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, райиси собиқи Ҳизби Демократии Тоҷикистон аз дунё даргузашт.
Тавре Муҳаммадмусо Искандаров, бузургфарзанди Қутбия Тошева ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, модари эшон 82 сол дошт ва тайи чанд соли ахир, пас аз зиндонӣ шудани ҷигарбандаш Маҳмадрӯзӣ ранҷ мебурд. Номбурда гуфт: «Модарам барои охирин маротиба соли 2008 ба дидори фарзандаш расида буд, ҳамеша ба ёди Маҳмадрӯзӣ буду озодиашро дидан мехост, аммо умр вафо накард. Тақдир будааст…».
Ҷанозаи марҳум рӯзи 21-уми январ дар рустои Муллошоҳи ноҳияи Тоҷикобод баргузор шуд.
Ёдрас менамоем, Маҳмадрӯзӣ Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон, идораҳои амниятии Русия дар моҳи декабри соли 2004 боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора ба таври асроромез нопадид шуд ва додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар доданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терорристӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.