Забту мусодираи беш аз 240 кило маводи нашъадор дар ҷануби Тоҷикистон
Соли 2011-ум дар ноҳияи дурдасти кӯҳистони Шурообод аз ҷониби сокинон 35 ҷиноят содир шудааст.
Сатҳи кушодашавӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохила дар ин муддат 90 фойизро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, кормандони ШКД аз мардуми бумӣ наздик ба 224 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира кардаанд. Аз ин 3 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 159 кг бангдона ва 56 кг афюн будааст. Нисбат ба 6 нафар аз қочоқчиён парвандаи ҷиноятии ба анҷом расида, ба Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон барои моҳиятан дидан баромадан интиқол дода шудааст.
Ҳамзамон, ба иттилои сардори ШКД-и ноҳия, полковник Наимов, дар ин муддат кормандони милиса аз аҳолӣ 21 адад яроқ, аз ҷумла 3 автомати Калашникуф, 1 таппонча, 2 милтиқи ҷангии навъи карабин, 3 адад силоҳи шикории ТОЗ-8, 10-адад милтиқи шикории дар қайд ногирифта, 2-корди ҷангӣ, 6 тирдон ва 105 дона тирҳои ҳархела ошкор ва мусодира шуданд.