Боз як иқдоми нахуствазири президентшав. Ин бор зидди муҳоҷирин
Владимир Путин, сарвазири Русия ва муддаъии асосии курсии президентии ин кишвар хостори шадидтар кардани қавоиди бақайдгирии муҳоҷирин шудааст.
Бино ба андешае, ки Путин дар мақолааш дар рӯзномаи “Независимая газета” изҳор кардааст, барои будубоши ғайриқонунӣ ва вайрон кардани талаботи қоидаҳои бақайдгирӣ дар Русия ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардан зарур аст.
Ҳарчанд сарвазири Русия бештар ба масоили муҳоҷирати дохилӣ дар мақолааш изҳори назар кардааст, аммо мушкил барои муҳоҷирини хориҷӣ аз ин рӯз бештар шудааст.
Худи ҳамин рӯзи баъди нашри мақола пулис дар ҷойҳои серодам, бахусус вокзалу истгоҳҳо рейдҳо доир карда, асосан муҳоҷирини аз Осиёи марказиро мавриди пурсуҷӯ қарор медоданд. Шоҳиди он будем, ки ҳатто нафаронеро, ки бо чиптаҳои бозгашт ба Тоҷикистон ба вокзали Қазони Маскав ворид мешуданд, пулис мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор медод. Ҳамчунин, иловатан ба ин вокзал 2 нақлиёти бузург бо теъдоди зиёди пулис, кинологҳо бо сагҳои бӯйгир кашида шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский имтиҳон кардани муҳоҷирин барои донистани забони русӣ расман эълон карда буд. Масрафи имтиҳонро ҷаноби Ромодановский ба миқдори то 2 ҳазор рубли русӣ муодили каму беш аз 300 сомонӣ муқаррар кард.