Девонаев: Тоҷикистон бояд аз Филиппину Индонезия ибрат гирад
Дар қиболи 274 муҳоҷири меҳнатии хориҷӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, 128 нафари онҳо бо қарори суд аз қаламрави Тоҷикистон берун карда шуданд.
Ин нуктаро Сафиаллоҳ Девонаев, роҳбари Хадамоти муҳоҷирати кишвар зимни як нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт. Ба қавли номбурда, аксари ин афродро шаҳрвандони Чин, Афғонистон ва Ӯзбакистон ташкил медиҳанд, ки бо сабаби вайрон кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз кишвар берун карда шудаанд.
Бино ба қавли Девонаев, давоми соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 750 ҳазору 391 нафар муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд: «Дар ин давра аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 597 ҳазору 511 нафар муҳоҷири меҳнатӣ баргаштааст».
Роҳбари Хадамоти муҳоҷират зимни ин нишаст бештар аз муваффақиятҳои муҳоҷирати дигар кишварҳо, хусусан Чин, Филиппин, Индонезия ва Ҳиндустон ҳарф зада, ишора намуд, ки Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи он кишварҳо истифода барад. Ҷаноби Девонев мегӯяд, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 миллион расидааст, ки тибқи пешбиниҳои СММ то соли 2050 ин шумора ба 405 миллион нафар хоҳад расид.