Як сокини 15 -солаи рустои Файзободи Болои ноҳияи Кӯлоб бо исми Икром, рӯзи гузашта дар натиҷаи худовезӣ ҷони худро қурбон кард.
Гуфта мешавад, ноболиғ бо бародараш, ки низ хонандаи мактаби миёна мебошад, барои як саъба (парранда) муноқиша кардаанд, чун бародараш паррандаро ба ӯ надодааст, пинҳонӣ ба оғилхона даромада, бо истифода аз сим худро овехтааст. Бино ба иттилои волидайн, Икром касалии рӯҳӣ доштааст, ки ҳар сол дар баъзе ҳолат азият мекашидааст.
Маврид ба ёдоварист, тайи 2 моҳи ахир, ин сеюмин ҳолати худкушии одамон дар Кӯлоб мебошад. Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз аввали моҳи декабр як марди 55- сола ва як бонуи 34- сола низ ба таври худкушӣ ҷони худро аз даст дода буданд.