Рустами Эмомалӣ бо Йозеф Блаттер вохӯрд
Президенти тозаинтихоби федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербурги Русия бо раҳбари ФИФА мулоқот намуд.
Вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Йозеф Блаттер дар чорчӯби Ҷоми Иттиҳод-2012 сурат пазируфт. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ФФТ иттилоъ доданд, зимни ин нишаст, президентҳои федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) паҳлӯҳои мухталифи бозии №1-ро, ки ба нафъи ҷонибҳост ба баррасӣ гирифтаанд.
Ба қавли манбаъ, Рустам Эмомалӣ аз мавқеъ ва ташаббусҳои ФИФА барои рушди минбаъдаи футболи ҷаҳонӣ зери раҳбарии Блаттер истиқбол кард. Ҳамзамон, президенти ФИФА ваъда кардааст, ки ба федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард. Аз ҷумла дар доираи барномаи «Гол-2» баҳори имсол сохтмони майдони сунъӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз мешавад.