Як қадами дигари Тоҷикистон барои пайвастан ба СҶТ
Ахири ҳафтаи сипаришуда бо воситаи ҳамкории сафорати ИМА дар Душанбе, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон видеоконфронс оид ба шомилшавии ҷумҳурӣ ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баргузор гашт.
Тибқи иттилоъ, дар видеоконфронс ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок доштанд, ки ба масъалаҳои дохилшавӣ ба СҶТ-ро баррасӣ намуданд. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ва ҳайати ИМА-ро муовини ёвари намояндаи савдои ИМА хонум Мара Бур роҳбарӣ намуданд.
Зимни видеоконфронс ҷонибҳо оид ба вазъи гуфтушуниди дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА доир ба дохилшавӣ ба СҶТ мубодилаи афкор намуданд. Роҳбарони ҳайатҳои дар видеоконфронс шомилбуда оид ба раванди иҷрои дархостҳои Созмон роҷеъ ба мувофиқа намудани қонунгузорӣ, низомномаҳои техникӣ ва стандартҳои ҷумҳурӣ бо меъёрҳои СҶТ маълумот пешниҳод намуданд. Пас аз он, муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ миёни коршиносони ҳарду кишвар баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон, намояндаи Котиботи давлатии ИМА, ки дар видеоконфронс иштирок дошт, изҳор намуд, ки ИМА минбаъд ҳам нияти расонидани кӯмаки техникӣ ва машваратиро ба Тоҷикистон барои тезонидани раванди дохилшавии ҷумҳурӣ ба СҶТ ироа хоҳад кард.