Халабони «Boeing 757» дар осмон ба ҳалокат расид
Халабони дуввуми тайёраи «Boeing 757-200», мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «ЮТэйр», ки аз Бангкок ба Новосибирски Русия парвози муттавасит дошт, бар асари бемории қалб фавтидааст.
Ин ҳавопаймо 239 мусофир дошт ва аз сӯи халабони якум ба фурудгоҳи Толмачёво бомуваффақият фуруд омад.
Бино ба маълумоти расида, баъди 3 соати парвоз вазъи халабон бад шуда, сардори халабонон тасмими ба Чин пойин овардани тайёраро гирифтааст. Аммо табиби аз миёни мусофирон, ки барои кӯмак даъват шуда будааст, марги халабонро тасдиқ кардааст.Ёриҳои ба халабон дар ҳуҷраи халабонҳо расонида натиҷа надодаанд, гуфтааст намояндаи Кумитаи тафтишоти Новосибирск Анастасия Уточкина.Феълан, Кумитаи тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони «ЮТэйр» гуфтаанд, халабон дар тайёра ба ҳайси мусофир қарор доштаасту дар идоракунии он ширкат надоштааст.Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймоҳои ин ширкат барои кашонидани мусофирони тоҷик аз фурудгоҳи Кӯлоби Тоҷикистон ба Русия ширкат доштанд.