Амрико рафт, ин дафъа ба Ғарм
Кен Гросс, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар ифтитоҳи шашумин гӯшаи амрикоӣ, ки дар шаҳраки Ғарм ҷойгир шудааст, иштирок намуд.
Аснои маросими расмӣ, ки ба ин чорабинӣ иртибот дошт, дипломати амрикоӣ ба ҳукумати маҳаллӣ, ширкати «Тоҷиктелеком», созмони ғайридавлатии "Маърифатнокӣ" ва ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак дар кушодани ин гӯша изҳори ташаккур намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ИМА иттилоъ доданд, ин биноро онҳо бо мақсади истифодаи ройгон барои мактаббачагон, муаллимон ва муттахасисон таъмир намуда, ҳашт адад компютер бо пайвасти шабакаи интернетии босуръат , садҳо китоб ва DVD дискҳоро бо забони англисӣ таъмин намуд. Маблағи умумӣ барои таъмир, ҷиҳоз, таҷҳизот ва маводҳо бо забони англисӣ зиёда аз 30 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, айни замон сафорати ИМА гӯшаҳои амрикоиро дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Хуҷанд дастгирӣ менамояд. Ҳар як гӯшаи амрикоӣ бо шабакаи интернетии ройгон, маводҳои таълимӣ бо забони англисӣ намоиши барномаҳои ҳукумати Амрико, машварат оиди таҳсил, клубҳо, муаррифномаҳо ва вебчатҳо оид ба фарҳанг ва арзишҳои амрикоӣ таъмин мебошанд.