Ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Корея тақвият меёбад
20-уми январ раиси фраксияи ҲХДТ дар Маљлиси намояндагон ва раиси гурӯҳи дӯстии палатаи поёнии парлумони Тољикистон бо парлумони Кореяи Ҷанубӣ Махфират Хидирова кордори сафорати Корея дар ҷумҳурии мо Ён Ҷон-гу ва ҳайати ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.
Сухангӯи Маљлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба «Озодагон» гуфт, ки дар мулоқот бештар масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Махфират Хидирова, раиси гурӯҳи дӯстии МН-и Тоҷикистон бо парлумони Корея дар бораи наќши парламентњои ду кишвар дар тавсеаи муносиботи гуногунсоҳа ибрози назар намуд.
«Густариши сол аз соли муносиботи мо, метавон гуфт, ки самараи таъсиси ҳамин гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ мебошад. Парламентҳои ҳарду кишвар бояд аз тамоми имконоте, ки барои таҳкими ҳамкориҳо мављуданд, ба таври самарбахш истифода кунанд»,-афзуд номбурда. Зимнан, кордори сафорати Корея дар Тоҷикистон ҷаноби Ён Ҷон-гу низ аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ибрози қаноатмандӣ кард. Мавсуф изњор дошт, ки ҳарду кишвар метавонанд, дар заминаҳои мухталиф, бахусус, иқтисоду тиҷорат, кишварзӣ, илму маориф, истифода аз нерӯи кории мутахассисони тоҷик њамкорињои худро бештар тавсеа бахшанд.