Ин нуктаро Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъини корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд. Ба қавли номбурда дар сурати дарёфти чунин дархост омодаанд, ки шахси ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Генерал Раҳимов афзуд, дар мавриди ҳодисаи суиқасд ба ҷони раҳбари ҷунбиши «Ватандор» аз тариқи ВАО хабар ёфтааст. «Дар мавриде, ки гуё ҳукумат дар ин қазия даст дорад, ин фикри ҷабрдида Додоҷони Атовулло мебошад, агар ягон далел дошта бошад ба вазорат мактуб ирсол кунад ва мо омодаем, ки онро таҳқиқ намоем»-илова намуд вазири корҳои дохилӣ.
Ёдовар мешаем, суиқасд ба Додоҷони Атовуло шоми 12-уми январ, тахминан соати 21:30 дар тарабхонаи итолёвии «Виа-ҷио»-и пойтахти Русия ба вуқӯъ пайваст. Шахси номаълум ду маротиба ба қафаси синаи журналисти тоҷик корд задааст. Баъди ҷароҳӣ дар сӯҳбат ба журналистон сардабири нашрияи «Чароғи рӯз» амали суиқасдро фармоиши Душанбе унвон кард.