Мухолифон боз гирдиҳамоӣ кардан мехоҳанд
Намояндагони мухолифин ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия бо ирсоли аризае унвонии мири шаҳри Маскав хостори баргузории роҳпаймоӣ дар санаи 4 феврал барои интихоботи шаффоф шудаанд.
«Интерфакс» бо такя ба иттилои Надежда Миюшкина, ки ҳамчунон зери ариза имзо гузоштааст, менависад, ки ташабускорони гирдиҳамоӣ тасмим гирифтаанд, роҳпаймоиро аз майдони Калуж оғоз намуда, тавассути ҳалқаи Садов то ба майдони Манеж бираванд. Дар сурати иҷоза гирифтан, роҳпаймоӣ аз соати 14:00 то 19:00 идома хоҳад кард.
Мавриди тазаккур аст, баъди эълони натоиҷи интихоботи парлумонии Думаи давлатӣ дар рӯзи 4-уми декабр мухолифин ба кӯчаҳо рехта, ҳукуматро дар тақаллуб муттаҳам карданд.