Рӯзи Модар дар Суғд акнун бо қарори райиси вилоят таҷлил мешавад
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми Модар дар ҷомеа тибқи як қарори Қоҳир Расулзода Рӯзи Модар 8 марти соли 2012 дар қаламрави вилояти Суғд ботантана таҷлил хоҳад гашт.
Барои татбиқи қарори мазкур шӯъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар якҷоягӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои эъҷодӣ барои ташкили силсилаи чорабиниҳо доир ба шинохт ва мақоми занон дар ҷомеа муваззаф гардиданд.
Ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гардидаанд, ки барои занон ва духтарон маҳфилу нишастҳои идона ташкил менамоянд.