Рад шудани аризаи 11 ҳуқуқшиноси довталаб аз ҷониби вазорати адлия
Аризаи 11 довталаб, ки хоҳиши адвокат шуданро доштанд, рад шудааст.
Дар ин бора Рустам Менглиев, вазири тозатаъини адлияи Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.Номбурда мегӯяд, аризаи довталабон барои он рад шуд, ки онҳо дараҷаи тахассусӣ надоштаанд, аз ин рӯ комиссияи вижа онро қабул накард.
Гуфтанист, тибқи қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба 33 нафар ҳуқуқшиносон барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода шудааст. Ба қавли Рустам Менглиев, мӯҳлати амали иҷозатномаи 9 нафар адвокати ваколатдор бошад, тамдид гардид. Вазорати адлия ва сохторҳои зертобеи он, давоми соли гузашта бо мақсади баланд бардоштани дониши касбии довталабон ва ҷобаҷогузории дурусти мутахассисон 23 маротиба озмуни кушода гузаронидаанд, ки дар натиҷа 49 нафар ба мансабҳои гуногун таъин шудаанд.