Боздошти корманди кумитаи андоз бо 8 кило ҳероин дар пойтахти кишвар
Корманди мақомоти андоз дар Душанбе бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, аснои баргузории як амалиёти вижаи мақомоти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ин вазорат дар ҳумаи пойтахт, шаҳрванди 61-сола, ки дар Кумитаи андоз фаъолият мекунад, бо 2 кило ҳероин дастгир дастгир шуд.
Манбаъ афзуд, пас аз кофтукоби нақлиёти шахсии боздоштшуда боз 6 кило маводи мухаддир дарёфт шуд.
Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз оғози соли равон то имрӯз аз сӯи кормандони ВКД беш аз 90 килограмм маводи нашъадор забту мусодира гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар зиёд мебошад.