Бозёфти нафақахӯр: 79 мусалсал
Нафақахӯре аз ҷумҳурии Удмуртияи Русия аз миёни сандуқҳое, ки ба ҷои ҳезум харидорӣ карда буд, миқдори зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҳарбиро дарёфт кардааст.
Пулиси даъватшуда тамоми сандуқҳоро тафтиш намуда, аз даруни 7 сандуқ 79 адад автомати Калашников, 253 магазин ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ дарёфт ва мусодира намуданд.
Тафтишот муқаррар намудааст, ки сандуқҳоро ба нафақахӯр ронандаи як ширкати хусусӣ аз ҳудуди корхонаи “Ижмаш”оварда фурӯхтааст. Маълум мегардад, ки ин миқдор аслиҳа барои нобудкунӣ пешбинӣ шуда, сандуқҳо барои истифода дар кашонидани партовҳо нигоҳдорӣ мешудаанд.
Бино ба гуфтаи пулис ронанда хостааст, бо ин роҳ даромади иловагии муфт ба даст орад.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шурӯъ шудааст.