Райиси вилоят аз бемориҳои сироятӣ изҳорӣ нигаронӣ намуд
Соли 2011-ум барои эмгузаронии чорвои навоҳии минтақаи Кӯлоб 2 милён сомонӣ аз буҷаи ҳукумати марказӣ ҷудо шудааст.
Вафо Салоев, сарбайтори идораи кишоварзии минтақаи Кӯлоб дар ин бора ба хабарнигорон изҳор дошт. Ӯ гуфт, бо истифода аз ин иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ, дар навоҳӣ 41.734 сар ҳайвони калони шохдор барои пешгирӣ аз бемории буғумдард, ё худ брутселёз, 44.059 сар аз бемории сил, зиёда аз 268 ҳазор сар молҳои калону майда, хару асп аз бемории сӯҳтанӣ эмгузаронӣ шудаанд: «Эмгузаронӣ дар ҳама шароит бо таври ройгон амалӣ шуда, чорвои тамоми сокинон аз он гузаронида шудаанд».
Дар ҳамин ҳол, далелҳои аниқу дақиқи овардаи журналистон исбот карданд, ки эмгузаронии ҳайвонҳои хонагӣ дар ҳама ноҳияҳо, ба хусус дар шаҳри Кӯлоб, сар-сарӣ ба анҷом расонида шудааст.
Зимнан, Ҳаким Каримов, райиси идораи кишоварзӣ низ ба ин андешаҳо розӣ буда, гуфт: «Ғайбуллоҳ Афзалов, райиси вилояти Хатлон аз бемории сироятии ҳайвонҳо дар минтақа, дар ҷамъбасти солонаи вилоятӣ изҳори норозигӣ намуда, гуфта буд, ки сирояти бемориҳо аз чорво ба одамон зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, масъулинро водор намуд, то эмгузаронии чорворо сари вақт ва дар мӯҳлатҳои муайяншуда, ба анҷом расонанд».
Бино ба иттилои ҷаноби Салоев, соли сипаришуда 2 тан аз сокинони ноҳияи Данғара баъди муомила бо гӯшти ҳайвони бемор, гирифтори маризии сӯхтанӣ гашта будаанд. Ҳамчунин, 2 нафар аз сокинони ноҳияи Шӯрообод бо тахмини печидагӣ ба ин беморӣ ба касалхона интиқол ёфта буданд.