Ду президент сари мизи гуфтушунид менишинанд
Русия ба ҳайси миёнрав ва кафили ҳалли мушкилоти Қаробоғи кӯҳӣ баромад карданист.
Рӯзи 23 январи соли равон сарони кишварҳои Русия, Арманистон ва Озорбойҷон барои ҳалли ин мушкил дар шаҳри Сочии Русия сари мизи гуфтушунид хоҳанд нишаст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти президенти Русия ин дидори сарони кишварҳои мухолиф бо кӯшиши президенти Русия Дмитрий Медведев сурат хоҳад гирифт.
-Серж Саргсян, райисҷумҳури Арманистон ва Илҳом Алиев бо сафари расмӣ вориди Русия мешаванд ва сӯҳбатҳои дуҷониба бо Дмитрий Медведев анҷом медиҳанд,- менависад, сомонаи расмии Кремл.Худи ҳамон рӯз саммити сегона бахшида ба ҳалли масоили вобаста ба Қаробоғи кӯҳӣ сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мушкилоти марзии Қаробоғи кӯҳӣ дар солҳои охири пойдории Иттиҳоди шуравӣ миёни Озорбойҷону Арманистон сар зада, то ба имрӯз бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд ҳалли худро пайдо накардааст.