Эмомалӣ Раҳмон: Кодекси нави андоз бояд таҳия шавад
Тавре қаблан иттилоъ додем, субҳи имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.
Дар оғози нишаст оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 ҳисоботи нахуствазир Оқил Оқилов шунида шуд. Қайд гардид, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 30,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 5,4 миллиард зиёд аст. Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 7,4% расид. Ба буҷаи давлат бошад, 8,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Ҳаҷми таваррум ба 9,3% расид. Барои дастгирии бештари рушди соҳибкории хусусӣ 5,9 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо гардид, ки 49% он ба соҳибкорони истеҳсолӣ дода шудааст.
Зимнан, дар нишаст изҳор шуд, ки дар соли 2011 ҳаҷми пасандозҳои мардум 32,1% афзуда, шумораи пасандозгузорандагон танҳо дар «Амонатбонк» 110 ҳазор нафар зиёд шудааст.Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори молиявӣ ва сохторҳои бонкӣ доир ба беҳтар намудани фаъолият супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки то охири семоҳаи якуми соли равон лоиҳаи Кодекси нави андоз ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин, дар дар ҳисоботи райиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қайд гардид, ки соли гузашта зимни 1.335 тафтишу санҷиш ба андозаи 107,2 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, 75,5 миллиони он баргардонида шуд.