Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ин кишвар, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард гуфт: «Ҳама гуна таҳдидот ва дахолати низомӣ болои як кишвари дигар оқибатҳои ногуворе ба дунбол хоҳад дошт».
Ҳамзамон, дар посух ба пурсиши хабарнигорон ҷаноби Лавров иброз дошт, ки ман ҳатто тахмин карда наметавонам, ки ин амал кай сар хоҳад зад, зеро мо ҳамаи корро мекунем, то ин кор ба амал наояд. Окибатҳои ин кор хеле вазнин хоҳад шуд, аз ин рӯ мо бениҳоят нороҳат ҳастем .
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо пешниҳод кардаанд, то таҳримот болои содироти нафти Эронро аз 1 июли соли равон роҳандозӣ шавад.