Як қарори пӯшидаи Ӯзбакистон ҳаҷми боркашониро коҳиш дод
КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» сабаби кам шудани ҳамлу нақли колои транзитиро ба як тасмими пӯшидаи Ӯзбакистон рабт медиҳанд.
Усмон Қаландаров, муовини райиси ин ниҳод мегӯяд, соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 9 миллиону 242 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2010-ум 1 миллиону 204 ҳазор тонна кам аст: «Аз ҷумла, боркашонии транзитӣ 3 миллиону 903 ҳазор тонна мебошад, ки дар муқоиса ба нишондодҳои соли 2010-ум 1 миллиону 32 ҳазор тонна ва ё 20, 9% коҳиш ёфтааст. Айни замон ҳаҷми боркашонии транзитӣ рӯз аз рӯз кам мешавад.
Бино ба гуфти оқои Қаландаров, боркашонии худӣ давоми соли гузашта ба 5 миллиону 339 ҳазор тонна расид, ки нисбати як соли пеш 152 ҳазор тонна кам аст. Намояндагони корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» қайд намуданд, ки вобаста ба рафъи мушкилот дар роҳи оҳани минтақаи Амузанг-Хатлон ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат намудаанд, аммо то имрӯз посухи аниқ нагирифтаанд.