Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни амалиёт дар бинои фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд Далер Орипови 19 сола, сокини шаҳри Чкалов боздошт шудааст. Аснои гузаронидани муоинаи тиббӣ аз дохили меъдаи номбурда маводи сахттаъсири ҳероин ки вазнаш 635 граммро ташкил медод, забту мусодира гардид.
Бино ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин ба ҳамин ҳодиса монанд Хайём Маҳмадбекови 31 сола, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷамоати Техарв боздошт шудааст. Гуфтанист, аз дохили борхалтаи ӯ маводи нашъадори навъи ҳашиш ба миқдори 1 килою 830 грамм ва 3 килою 892 грамм маводи мухаддир забт шудааст.
Ба қавли манбаъ, амалиёти «хариду фурӯш» дар маҳаллаи Қазоқони пойтахт сурат гирифт. Феълан, нисбати ин ду қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.